22 Декабр 2025 - 14:55
Source: ABNA
Як рӯзномаи олмонӣ: Ғарб барои ҳамлаи сайберӣ ба Русия омода мешавад

Як рӯзномаи олмонӣ гузориш дод, ки ҳакерҳои аврупоӣ худро барои анҷоми як ҳамлаи густурдаи сайберӣ (киберӣ) ба зерсохтҳои Русия омода мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории АБНА, вебгоҳи хабарии «Раша Тудей» ба нақл аз рӯзномаи олмонии «Ди Велт» (Die Welt) гузориш дод, ки ҳакерҳое, ки барои мақомоти кишварҳои аврупоӣ кор мекунанд, хабар додаанд, ки кишварҳои ғарбӣ ба сурати махфиёна дар ҳоли омодасозӣ барои анҷоми ҳамлаҳои сайберӣ алайҳи зерсохтҳои Русия ҳастанд.

Ин рӯзнома меафзояд, ки давлатҳои ғарбӣ дигар танҳо бар дифои сайберӣ тамаркуз намекунанд, балки ба анҷоми фаъолиятҳои таҳоҷумӣ низ рӯй овардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо нуфуз ба компютерҳои дохилӣ дар Русия ва насби махфиёнаи бад-афзорҳо дар онҳо аст.

«Ди Велт» ба баргузории машқҳои низомӣ дар ин хусус дар маркази мавсум ба «Маркази афзоиши амнияти сайберӣ»-и НАТО дар Эстония ишора карда ва эълом дошт, ки низомиёни НАТО барои анҷоми амалиётҳои густурда дар фазои рақамӣ омӯзиш мебинанд, ки аз ҷумлаи аҳдофи он системаҳои таъмини энергия мебошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha